МАҲЗАРИ ОЛИМ
Марде аз Ансор назди Расули акрам омаду савол кард: “Ё Расулаллоҳ! Агар ҷанозаи шахсе дар миён аст ва бояд ташйиъу сипас дафн шавад ва маҷлиси илмӣ ҳам ҳаст, ки аз ширкат дар он баҳраманд мешавем, вақту фурсат ҳам нест, ки дар ҳар ду ширкат кунем, дар ҳар кадом аз ин ду кор ширкат кунем аз дигарӣ маҳрум мемонем, ту кадом як аз ин дуро дӯст медорӣ, то ман дар он ширкат кунам?”